ИСТИФОДАИ НЕРӮИ ПЕДАГОГӢ ДАР СОҲАИ ГУМАНИТАРӢ ВА ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ
Full text
163 Vol. 5, No. 10 – Special Issue, Part 2 (EJSSPC) ISSN: 2181-2888 HZTTRMY HOZIRGI ZAMON TA’LIM-TARBIYA TIZIMINI RIVOJLANTIRISH: MUAMMO VA YECHIMLAR” XALQARO ILMIY-AMALIY KONFERENSIYA DENOV, 16-OKTABR 2025 YIL in-academy.uz ИСТИФОДАИ НЕРӮИ ПЕДАГОГӢ ДАР СОҲАИ ГУМАНИТАРӢ ВА ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ Қудратова Зилола Саидумаровна Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Денав Факултаи педагогикаи донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи тоҷикии кафедраи “Таҳсилоти ибтидоӣ” [email protected] https://doi.org/10.5281/zenodo.17352381 Аннотатсия: Таҳсилоти ибтидоӣ зинаи аввалини низоми таҳсилоти умумӣ ба шумор меравад. Ин давра пояи асосии рушди шахсият ва донишандӯзии кӯдакон аст. Сифати таҳсилоти ибтидоӣ дар рушди минбаъдаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа нақши ҳалкунанда мебозад. Барои баланд бардоштани сифати таҳсилоти ибтидоӣ истифодаи нерӯи педагогӣ аҳамияти махсус дорад. Нерӯи педагогӣ маҷмӯи донишу малака, маҳорати таълимдиҳӣ ва таҷрибаи омӯзгорон аст. Ин нерӯ метавонад дар соҳаҳои гуногун самаранок истифода шавад. Дар соҳаи гуманитарӣ омӯзиши фанҳои забон, адабиёт ва таърих ҷойи хос дорад. Аз ҷумла, соҳаҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои такмили равандҳои таълимӣ ва тарбиявӣ аҳамияти калон доранд. Калид вожаҳо: таҳсилоти ибтидоӣ, сифати таҳсилоти ибтидоӣ, таълим, нерӯи педагогӣ, дониш, малака, маҳорати таълимдиҳӣ, таҷрибаи омӯзгорон, соҳаи гуманитарӣ, омӯзиши фанҳои забон, адабиёт, таърих, соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, такмили равандҳои таълимӣ ва тарбиявӣ. Annotatsiya: Boshlang‘ich ta’lim umumta’lim tizimining birinchi bosqichidir. Bu davr bolalarning shaxsiyati va bilimini rivojlantirish uchun asosiy poydevor hisoblanadi. Boshlang‘ich ta’lim sifati jamiyatning keyingi ijtimoiy-iqtisodiy rivojlanishida hal qiluvchi rol o‘ynaydi. Boshlan‘ich ta’lim sifatini oshirishda pedagogik salohiyatdan foydalanish alohida ahamiyatga ega. Pedagogik salohiyat-bu o‘qituvchilarning bilim, ko‘nikma va o‘qitish tajribasi yig‘indisidir. Bu salohiyatdan turli sohalarda samarali foydalanish mumkin. Gumanitar fanlarda ona tlili, adabiyot, tarix fanlari alohida o’rin tutadi. Xususan ta’lim va tarbiya jarayonlarini takomillashtirishda gumanitar va ijtomoiy-iqtisodiy sohalar katta ahamiyatga ega. Kalit so‘zlar: boshlang‘ich ta’lim, boshlang‘ich ta’lim sifati, ta’lim, pedagogik salohiyat, bilim, malaka, o‘qituvchilik mahorati, o‘qituvchi tajribasi, gumanitar fanlar, ona tili, adabiyot, ta’rix, ijtimoiy-iqtisodiy sohalarni o‘rganish, ta’lim va tarbiya jarayonlarini takomillashtirish. Аннотатция: Начальное образование является первой ступенью системы общего образования. Этот период является основой развития личности и знаний детей. Качество начального образования играет решающую роль в последующем социальноэкономическом развитии общества. Использование педагогического потенциала имеет особое значение в повышении качества начального образования. Педагогический потенциал-это накопленные знания, умения и навыки педагогического опыта учителей. Этот потенциал может быть эффективно использован в различных областях. В гуманитарных науках особое место занимают родной язык, литература и история. В частности, гуманитарная и социально-экономическая сферы имеют большое значение в совершенствовании процессов образования и воспитания.
164 Vol. 5, No. 10 – Special Issue, Part 2 (EJSSPC) ISSN: 2181-2888 HZTTRMY HOZIRGI ZAMON TA’LIM-TARBIYA TIZIMINI RIVOJLANTIRISH: MUAMMO VA YECHIMLAR” XALQARO ILMIY-AMALIY KONFERENSIYA DENOV, 16-OKTABR 2025 YIL in-academy.uz Ключевые слова: начальное образование, качество начального образование, образование, педагогический потенциал, знания, умения, навыки преподавания, педагогический опыт, гуманитарные науки, изучение языка, литературы, истории, социально-экономическая сфера, совершенствование образовательного и воспитательного процессов. Abstract: Primary education is the first stage the general education system. This period is the foundation for children’s personal and knowledge development. The quality of primary education plays a decisive role in the subsequent socio-economic development of society. Utilizing pedagogical potential is particularly important in improving the quality of primary education. Pedagogical potential is the accumulated knowledge, skills and abilities of teachers’ teaching experience. The potential can be effectively utilized in various fields. In the humanities, native language, literature, and history occupy a special place. In the particular, the humanities and socio-economic spheres are a great importance in improving the processes of education and upbringing. Keywords: primary education, quality of primary education, education, pedagogical potential, knowledge, skills, teaching skills, teacher experience, humanities, study of language, literature, history, socio-economic sphere, improvement of educational and upbringing processes. Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 28 август оид ба вазифаҳои устувори баланд бардоштани сифати таълим ва афзун гардондани шумораи ҷойҳои хонандагон дар мактабҳо, инчунин дастгирии омӯзгорон ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад. Дар асоси ғояи неки «Ӯзбекистони Нав аз мактаб оғоз меёбад» дар соҳа корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Дар солҳои охир садҳо мактабҳои ҳозиразамон ташкил карда шуданд. Мактабҳои типи тамоман нав — мактабҳои президентӣ ва эҷодӣ ташкил карда шуданд, сети мактабҳои махсус васеъ гардид. Китобҳои нави дарӣ ва воситаҳои таълим тартиб дода шуданд. Ба беҳтар намудани шароити меҳнати муаллимону мураббиён, баланд бардоштани ихтисоси онҳо диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, дар давраи гузашта маоши омӯзгорон ба ҳисоби миёна 2,5 баробар афзуд. Барои омӯзгороне, ки сертификати миллӣ ва байналмилалӣ аз забони хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ, математика, химия ва биология доранд, иловапулӣ, инчунин барои муаллимоне, ки ба ноҳияҳои дурдаст барои кор омадаанд, ҳаққи махсус ҷорӣ карда шуд. Дар натиҷа шумораи муаллимоне, ки аз 6 миллион то 10 миллион сӯм маош мегиранд, ба 23 ҳазор нафар ва шумораи муаллимоне, ки аз 10 миллион сӯм зиёд маош мегиранд, аз ҳазор нафар гузашт. Бо мақсади кам кардани бори мактабҳо 700 ҳазор ҷои нави талабагон ташкил карда шуд. Ин назар ба солҳои гузашта 15 баробар зиёд аст. Дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ чор баробар афзуд, ки ин дастрасии ҷавононро ба он васеъ кард. Дар баробари ин дар соҳаи таълими мактабӣ ҳануз бисёр мушкилоти таъхирнопазир мавҷуданд. Имрӯз дар синфҳои ибтидоӣ 11 фан ва дар синфҳои боло 16 фан таълим дода мешавад. Аммо хонандагон дар ин ё он соҳа бе дониши амиқ мактабро тарк мекунанд. Соли гузашта донишу малакаи 86 ҳазор нафар ё 37 дарсади 220 ҳазор омӯзгор «ғайриқаноатбахш» арзёбӣ карда шуд. Вазъият махсусан дар байни муаллимони информатика, забони англисӣ, физика, математика ва химия — фанҳое, ки ҳоло талабот зиёд аст, ташвишовар аст. Дар давоми шашуним соли охир дар мамлакати
165 Vol. 5, No. 10 – Special Issue, Part 2 (EJSSPC) ISSN: 2181-2888 HZTTRMY HOZIRGI ZAMON TA’LIM-TARBIYA TIZIMINI RIVOJLANTIRISH: MUAMMO VA YECHIMLAR” XALQARO ILMIY-AMALIY KONFERENSIYA DENOV, 16-OKTABR 2025 YIL in-academy.uz мо барои 320 ҳазор квартира манзилгоҳ сохта шуд. Аммо ягон мактаби ғунҷоишаш мувофиқ сохта нашудааст. Дар мавзеҳо ва маҳаллаҳои нав барои 350 ҳазор ҷойи донишандӯз эҳтиёҷ мавҷуд аст. Дар бобати беҳтар намудани пойгоҳи мактабҳои мавҷуда низ анҷоми корҳои бузург дар пеш аст. Дар солҳои охир барои 70 ҳазор ҷой 350 мактаби хусусӣ ташкил карда шуд. Аммо дар бисёр ноҳияҳо кор дар бобати тараққӣ додани сектори хусусии таълими мактабӣ дар сатҳи бояду шояд нест. Сарвари давлатамон ин нишондиҳандаҳоро таҳлил намуда, оид ба беҳтар намудани мазмун ва шароити таҳсилоти мактабӣ ташаббусҳои нав эълон карданд. Дар навбати аввал, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар 500 мактаби кишвар нақшаҳои таълимӣ ва системаи баҳодиҳии мактабҳои президентӣ ва тахассусӣ ҷорӣ карда мешаванд. Баъди як сол кори ин 500 мактаб мавриди омӯзиш қарор гирифта, муаллимоне, ки аз системаи нав самаранок истифода мебаранд, то 40 фоиз иловапулӣ мегиранд. Дар панҷсолаи ҷорӣ ин система дар ҳамаи мактабҳо ҷорӣ карда мешавад. Имсол 500 нафар «соҳибони забон» аз хориҷи кишвар барои таълим дар мактабҳо даъват карда шуданд. Дар оянда шумораи онҳо зиёд мешавад. Ба ҳамин муносибат ба ҳокимон супурда шуд, ки масъалаи таъминоти манзили омӯзгорони хориҷиро ҳал кунанд. 1 Шумораи фанҳое, ки дар синфҳои боло таълим дода мешаванд, аз 16 ба 11 адад кам карда мешаванд. Дар баробари ин ба хонандагони синфҳои 10-11 аз рӯи ҷуфтҳои ҷуфти фанҳои «химия – биология», «математика – физика», «математика – забони хориҷӣ», «забони модарӣ ва адабиёт – забони хориҷӣ» бо хохиши худ амиқ таълим дода мешавад. Хонандагоне, ки соҳиби касб шудан мехоҳанд, имконият пайдо мекунанд, ки дар худи мактаб мутахассиси тайёр шаванд. Аз соли таҳсили оянда камаш 1000 мактаб ба ин система гузаронда мешавад. Мазмуни дарсҳо низ тағйир меёбад. Дарси саводнокии компютерӣ аз синфи 1 ва дарси саводнокии молиявӣ аз синфҳои боло ҷорӣ карда мешавад. Муҳимтар аз ҳама, ворид кардани фанҳои нав ба барномаи таълимӣ манъ карда мешавад. Ҳама пешниҳодҳои нав акнун бояд ба фанҳои мавҷуда ворид карда шаванд. Сарвари давлат ба масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Системаи ба кор қабул кардани муаллимон, баланд бардоштани ихтисоси онҳо ва додани категорияҳо ба куллӣ тағйир дода мешавад. Аз ҷумла, қабули омӯзгорон дар асоси озмун сурат хоҳад гирифт. Довталабоне, ки бори аввал довталабӣ мекунанд, бояд 1 сол ҳамчун омӯзгори таҷрибаомӯз кор кунанд ва дар охири сол сертификати касбӣ гиранд. Дар оянда ин система тадриҷан барои ҳамаи муаллимон ҷорӣ карда мешавад. Тахассуси муаллимон низ ба таври дифференсиалӣ такмил дода мешавад. Ҳамин тариқ, пеш аз такмили ихтисос ташхиси дониши омӯзгор гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаҳо самтҳои алоҳидаи такмили ихтисос муайян карда мешаванд. Ба мактабҳои олие, ки омўзгоронро бо натиҷаҳои паст тайёр кардаанд, рекламатсия фиристода мешавад, яъне натиҳаи ташхиси омўзгорон низ баҳодиҳии фаъолияти донишгоҳҳои омўзгорӣ мешавад. Ба ин муносибат вазифа гузошта шуд, ки фаъолияти марказҳои ҳудудии такмили ихтисос, таъмир ва таҷҳизонидани онҳо аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхта шавад. 2 Додани 1 https://yuz.uz/tj/news/maktablarda-talim-sifatini-oshirishga-qaratilgan-ustuvor-vazifalar-belgilandi 2 https://yuz.uz/tj/news/maktablarda-talim-sifatini-oshirishga-qaratilgan-ustuvor-vazifalar-belgilandi
166 Vol. 5, No. 10 – Special Issue, Part 2 (EJSSPC) ISSN: 2181-2888 HZTTRMY HOZIRGI ZAMON TA’LIM-TARBIYA TIZIMINI RIVOJLANTIRISH: MUAMMO VA YECHIMLAR” XALQARO ILMIY-AMALIY KONFERENSIYA DENOV, 16-OKTABR 2025 YIL in-academy.uz категорияи тахассусӣ ба омӯзгорон дар ду марҳила сурат мегирад. Дар марҳилаи аввал дониши омӯзгор дар имтиҳони пешакӣ баҳогузорӣ шуда, шахсоне, ки зиёда аз 70 дарсади хол гирифтаанд, ба марҳилаи дуюм мегузаранд. Дар марҳилаи дуюм истифодаи технологияҳои пешқадами педагогӣ, усулҳои кор бо донишҷӯён ва равишҳои баҳодиҳии дониш санҷида мешавад. Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ вазифадор шудааст, ки ин системаро дар 20 ноҳияи сатҳи пасти дониши омӯзгорон озмоиш кунад. Муассисаҳои таълими олии педагогӣ дар асоси муносибати махсус инкишоф меёбанд. Дар донишгоҳҳои омӯзгории Тошканд ва Чирчиқ тайёркунии мутахассисон дар асоси барномаи мактабҳои президентӣ амалӣ мегарданд. Ин муассисаҳо пойгоҳи мактабҳои олии соҳаи педагогӣ хоҳанд шуд. References: 1. Идоракунӣ ва таъмини сифати таҳсилот-маҷмӯи низомнома ва санадҳо. Мураттибон З.А.Сатторова, С.Ю.Ёқубов, таҳрири А.И.Усмрнзода. Китоби Тоҷикистонӣ соли 2022. 2. Маориф дар ҷумҳурии Тоҷикистон: маҷмӯи оморӣ-Душанбе, навиштаи Ҷ.Нурмаҳмадзода ва дигарон. 3. Муносибати босалоҳиятба таълим дар дарсҳои забони тоҷикӣ-дастури методӣ: Мураттиба М.Бобомуродова. 4. https://yuz.uz/tj/news/maktablarda-talim-sifatini-oshirishga-qaratilganustuvor-vazifalar-belgilandi 5. Методика начального языкового образования-Плотникова. С. В., Краева А. А.,2019