scieee AI-readable full text Open interactive document viewer

- ТАҲЛИЛИ ҶОЙВОЖАҲО ВА НОМВОЖАҲОИ ҶУҒРОФИИ АВАСТО ДАР БАРРАСИИ ТАЪРИХИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

- Файзуллаева Зебунисо Буходировна - Донишгоҳи миллии педагогии Ӯзбекистон ба номи Низомӣ, - PhD оид ба фанҳои педагогӣ, дотсент

Abstract

Аннотатсия. Мақола ба таҳлили топонимҳо ва номҳои ҷуғрофии дар Авасто зикршуда бахшида шуда, барои омӯзиши таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар он таваҷҷуҳи махсус ба он маҳалҳое равона гардидааст, ки дар Авасто зикр шудаанд, аз ҷумла Хара, Моуру, Гава, Суғд, Хоразм ва ғайра. Муаллиф тавассути муқоисаи номҳои ҷуғрофии қадима ва муосир робитаи таърихию фарҳангии онҳоро равшан намуда, аҳамияти онро дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва худшиносии таърихии донишомӯзон таъкид мекунад. Таҳқиқ масъалаи муҳими ҳамгироии маводи таърихию фарҳангиро ба раванди таълим матраҳ месозад. Таъкид мегардад, ки омӯзиши сарчашмаҳои қадимӣ ташаккули назари танқидӣ, шуури таърихӣ, ҳисси ифтихор аз Ватанро ташаккул дода, дар тарбия ва камолоти маънавию ахлоқии насли наврас нақши муассир мегузорад. Муаллиф зарурати воридсозии чунин маводро ба барномаҳои таълимии ихтисосҳои гуманитарӣ бо мақсади ташаккули арзишҳои ватандӯстӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон асоснок менамояд. - Калидвожаҳо. Авасто, зардуштӣ, ҷойвожа, ориёнӣ, Фарохнои Ориёно, Митра, Хоразми Кабир, Эронвеҷ, тарбияи маънавӣ, худшиносии таърихӣ.

Full text

Z AMONAVIY TA'LIMDA FAN VA INNOVATSION TADQIQOTLAR http://zamtadqiqot.uz/index.php/ZTFITJ/index 3-son 16–to’plam 2025 y. 152 ТАҲЛИЛИ ҶОЙВОЖАҲО ВА НОМВОЖАҲОИ ҶУҒРОФИИ АВАСТО ДАР БАРРАСИИ ТАЪРИХИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ Файзуллаева Зебунисо Буходировна Донишгоҳи миллии педагогии Ӯзбекистон ба номи Низомӣ, PhD оид ба фанҳои педагогӣ, дотсент Е-mail: [email protected] Аннотатсия. Мақола ба таҳлили топонимҳо ва номҳои ҷуғрофии дар Авасто зикршуда бахшида шуда, барои омӯзиши таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар он таваҷҷуҳи махсус ба он маҳалҳое равона гардидааст, ки дар Авасто зикр шудаанд, аз ҷумла Хара, Моуру, Гава, Суғд, Хоразм ва ғайра. Муаллиф тавассути муқоисаи номҳои ҷуғрофии қадима ва муосир робитаи таърихию фарҳангии онҳоро равшан намуда, аҳамияти онро дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва худшиносии таърихии донишомӯзон таъкид мекунад. Таҳқиқ масъалаи муҳими ҳамгироии маводи таърихию фарҳангиро ба раванди таълим матраҳ месозад. Таъкид мегардад, ки омӯзиши сарчашмаҳои қадимӣ ташаккули назари танқидӣ, шуури таърихӣ, ҳисси ифтихор аз Ватанро ташаккул дода, дар тарбия ва камолоти маънавию ахлоқии насли наврас нақши муассир мегузорад. Муаллиф зарурати воридсозии чунин маводро ба барномаҳои таълимии ихтисосҳои гуманитарӣ бо мақсади ташаккули арзишҳои ватандӯстӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон асоснок менамояд. Калидвожаҳо. Авасто, зардуштӣ, ҷойвожа, ориёнӣ, Фарохнои Ориёно, Митра, Хоразми Кабир, Эронвеҷ, тарбияи маънавӣ, худшиносии таърихӣ. АНАЛИЗ АВЕСТИЙСКИХ ТОПОНИМОВ И ГЕОГРАФИЧЕСКИХ НАЗВАНИЙ В КОНТЕКСТЕ ИЗУЧЕНИЯ ИСТОРИИ ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ Z AMONAVIY TA'LIMDA FAN VA INNOVATSION TADQIQOTLAR http://zamtadqiqot.uz/index.php/ZTFITJ/index 3-son 16–to’plam 2025 y. 153 Файзуллаева Зебунисо Буходировна Национальный педагогический университет Узбекистана имени Низами PhD по педагогическим наукам, доцент Е-mail: [email protected] Аннотация. В статье рассматривается педагогическая значимость анализа авестийских топонимов и географических названий в изучении истории народов Центральной Азии. Особое внимание уделено локализации территорий, упомянутых в Авесте, таких как Хара, Моуру, Гава, Согд, Хорезм и другие. На основе сопоставления древних и современных географических названий автор выявляет историко-культурную преемственность, способствующую формированию у обучающихся устойчивых представлений о национальной истории и идентичности. Исследование поднимает важные вопросы интеграции историкокультурного материала в образовательный процесс. Подчёркивается, что работа с древними источниками развивает критическое мышление, историческое сознание, чувство гордости за родной край, а также оказывает влияние на духовно-нравственное воспитание учащихся. Статья обосновывает актуальность включения подобного материала в учебные курсы гуманитарного направления с целью формирования патриотических и ценностных установок у молодёжи. Ключевые слова: Авеста, зороастризм, топоним, арийцы, арийский простор, Митра, Великий Хорезм, Эронвеж, духовно-нравственное воспитание, историческое сознание. ANALYSIS OF AVESTANI TOPONYMS AND GEOGRAPHICAL NAMES IN THE CONTEXT OF STUDYING THE HISTORY OF CENTRAL ASIA Z AMONAVIY TA'LIMDA FAN VA INNOVATSION TADQIQOTLAR http://zamtadqiqot.uz/index.php/ZTFITJ/index 3-son 16–to’plam 2025 y. 154 Fayzullayeva Zebuniso Bukhodirovna National Pedagogical University of Uzbekistan named after Nizami PhD in Pedagogical Sciences, Associate Professor Е-mail: [email protected] Abstract. The article examines the pedagogical significance of the analysis of Avestan toponyms and geographical names in studying the history of the peoples of Central Asia. Particular attention is paid to the localization of territories mentioned in the Avesta, such as Khara, Mouru, Gava, Sogd, Khorezm and others. Based on a comparison of ancient and modern geographical names, the author identifies historical and cultural continuity that contributes to the formation of students' stable ideas about national history and identity. The study raises important issues of integrating historical and cultural material into the educational process. It is emphasized that working with ancient sources develops critical thinking, historical consciousness, a sense of pride in one's native land, and also influences the spiritual and moral education of students. The article substantiates the relevance of including such material in humanitarian courses in order to form patriotic and value attitudes in young people. Key words: Avesta, Zoroastrianism, toponym, Aryans, Aryan expanse, Mithra, Great Khorezm, Eronvezh, spiritual and moral education, historical consciousness. Давоми садсолаҳост, ки шӯълаҳои оташангези оини дини зардуштӣ, дилу дидаи халқу миллатҳои гуногунро чун фонус раҳнамоӣ мекунад ва аз хотираҳои мардуми ориёнажод зудуда намешавад. Чӣ пайкоре, чӣ осоре ва чӣ рӯзгоре аз худ гузоштааст Зардушт? Чанд дину оин, чанд маҳаллу замин, чанд халқест ориёяқин? Z AMONAVIY TA'LIMDA FAN VA INNOVATSION TADQIQOTLAR http://zamtadqiqot.uz/index.php/ZTFITJ/index 3-son 16–to’plam 2025 y. 155 Аз пайи осори Зардуштӣ мешавем, то номвожаҳо ва ҷойвожаҳои аз даврони нахустин паҳлавиёни номвари меҳаноро дар забони тоҷикӣ решапайванд шударо таҷаллӣ дода, поягузор монем. Китоби Авасторо на танҳо ҳамчун оинномаи дини зардуштӣ, балки чун андарзнома, номнома, маҳалнома, ватаннома ба забон гирифтан мумкин аст, чун дар сурудаҳои он на танҳо оинҳои динӣ, балки номҳои таърихӣ, маҳалҳои ҷуғрофӣ, ватанҳои мардумони ориёии паҳлавон нақшкорӣ шудаанд. Пеш аз ҳама маҳалли зисти зардуштиён ба чашм мерасад, ки дар ин бора дар Авасто омадааст: зардуштиён дар ҳавои кушод, дар қуллаҳои кӯҳсор, назди оташдони хонаашон ва ё соҳили дарёву кӯл ибодат ба ҷо меоварданд. Ва танҳо дертар баъди он ки дини ориёӣ байни шоҳони парфиёии Аршакӣ ва сосониён густариш ёфт, зардуштиён соҳиби ибодатхонаҳои боҳашамат ва мӯъбадони зиёд шудаанд [2, с.7]. Аз ин ҷо бармеояд, ки маҳалли зисти зардуштиён доманаҳои кӯҳсор аст, ки кӯл ва дарёҳо дорад. Ин кишвар гӯё дар маркази ҷаҳон ҷойгир шуда, аз он девҳо ронда шудаанд ва беҳтарин ҷой шуморида мешавад. Қуллаҳои кӯҳсори ин сарзамин то ба абрҳо ва бурчи ситораҳои Хаптоиринг мерасад. Маркази кишвар Хванирах ном дорад [7, с.20] навишта шудааст дар яке аз сарчашмаҳои авастоӣ. Пеш аз он, ки ба таҳлили ҷойвожаҳо пардозем, дар бораи бароиши китоби муқаддаси Авасто чанд ҳарфе бояд гуфта гузарем. Зардуштия худ динест, ки дар асрҳои IV– VI то милод, ба вуҷуд омада, ҳамон вақт аллакай оинномаи он бо номи Авасто навишта шуда буд. Мувофиқи баъзе махоизҳо дар тамоми ҳудуде, ки Авасто густариш ёфтааст, оид ба тамаддуни ривоҷёфта – шаҳру деҳаҳои обод сухан меравад. Эҳтимол меравад, ки аллакай дар аввали ҳазорсолаи I митақае, ки зардуштия ба миён омадааст, дорои тамаддуни воло буда, ҳатто хати худро доштааст. Лекин аз он сабаб, ки хати авастоӣ ё паҳлавӣ, ки ба гурӯҳи навиштаҷоти орамӣ шомил аст, то ба охир ба риштаи табдил Z AMONAVIY TA'LIMDA FAN VA INNOVATSION TADQIQOTLAR http://zamtadqiqot.uz/index.php/ZTFITJ/index 3-son 16–to’plam 2025 y. 156 дароварда нашудааст, қисми зиёди рукнпораҳои Авасто аз забони санскрит (асоси забони ҳиндӣ) тадвин ва тарвиҷ ёфтааст. Бармегардем ба маҳалли зисти зардуштиён. Дар Авасто дарҷ шуда ва баргардонӣ шудааст, ки қуллаҳои кӯҳсори ин сарзамин то ба абрҳо ва бурчи ситораҳои «Хаптоиринг» мерасад. Дар ин ҷо сухан дар бораи ситораҳои дар сурати фалаки «хирс» ҷогиршуда ё Дубби Акбар меравад, ки ҳафтоянд. Саҳеҳтар гӯем, ҷойвожаи «ҳаптоиринг», бояд «ҳафтоиранг» бошад. Чун зардуштиён фалакшиносони хуб буданд, онҳо дар болои кишвари худ бурҷи ситораи ҳафтгонаро хуб мушоҳида намуда, ба воситаи он ба маҳалҳои гуногун сафар мекарданд ва роҳи худро бозёфта боз ба ватанашон бармегаштанд. Ҳамчунин дар байни халқҳои ориёнажод ҳафт хирдаманд ба ҳамин ситораҳо шабеҳ дода мешаванд, ки гӯё аз сирру асрори ҷаҳон бохабар будаанд. Дар Авасто таъкид мешавад, ки мо Митраеро, ки зери қудраташ марғзорҳои зиёде ҳастанд қадр мекунем, чунки он пеш аз ҳама бо аспи тундпояш болои Хара пайдо шуда, қуллаҳои зарринфом ва хушнамои онро фатҳ мекунад. Аз он ҷо ӯ сӯи заминҳое, ки ориёнҳо маскунанд назар меандозад, ки паҳлавонони он ҳуҷумҳои родмардона мекунанд. Кӯҳҳои сарбафалаки он барои парвариши чорво мос буда, кӯлҳояш оби мусаффову нилгун дорад, бо дарёчаҳои шӯхаш қаиқ сӯи поён ба Ишкатаи Парут, Моуру ва Харойве, Гаваи Суғд ва Хоразм фуруд меояд [1, с.312]. Агар аз ҳамин нуқтаи назари дар Авасто қайдшуда нигарем, маълум мешавад, ки маркази замин дар кӯҳҳои Хара ҷойгир буда, он ба ситораҳо наздик аст ва Офтоб низ аз он ҷо тулӯъ карда, заминро нурпошӣ мекунад. Аз он ҷо дарёҳои шӯхоб, ки дар он қаиқронӣ ҳам карда мешавад, сӯи поён нишеб мешаванд. Дар ин ҷо ҷойвожаи «Хара» на танҳо чун номи кӯҳ, балки инчунин чун сифат «кӯҳи азимҷусса ё бузург» низ оварда шудааст. Кӯҳҳои Хара аз ҳама ҷиҳатҳои тасвиршуда на ба Албурзи Эрон, балки ба Помири ориён шабеҳ аст. Акнун маҳалҳоеро, ки Зардушт онҳоро номбар кардааст, ба риштаи таҳлил мекашем. Мувофиқи Авасто кӯҳҳои сарбафалаки он барои парвариши Z AMONAVIY TA'LIMDA FAN VA INNOVATSION TADQIQOTLAR http://zamtadqiqot.uz/index.php/ZTFITJ/index 3-son 16–to’plam 2025 y. 157 чорво мос буда, кӯлҳояш оби мусаффову нилгун дорад, бо дарёчаҳои шӯхаш, об сӯи поён ба Ишкатаи Парут, Моуру ва Харойве, Гаваи Суғд ва Хоразм фуруд меояд. Дар ин ҷо зери ҷойвожаи Ишката, ду шаҳри қадима, ки дар бисёр махоизи таърихӣ бо номи Ши ва Кан маъмуланд сухан меравад, ки ба ҳудуди кишвари Парфия шомил буданд. Бостоншиносон дар ҷойи шаҳри қадимаи Нисо (Туркманистон) ду шаҳракеро пайдо карда буданд, ки ба тавсифи аз рӯи сарчашмаҳои чинӣ додаи Н.Я. Бичурин дуруст меояд. Нисо дар саргаҳи дарёи имрӯзаи Мурғоби Туркманистон ҷойгир буда, мувофиқи сарчашмаи Н.Я.Бичурин ду шаҳрак Ши ва Кан худро ба тоҷикон тобеъ (вассал) эълон кардаанд. Ҳамчунин мардуми кӯҳистони Бадахшонро бо гандум ва арзан таъмин менамудаанд [4, с.331]. Дар ҳақиқат аввалин заминҳое, ки зери тасарруфи ориёни кӯҳистон дароварда шуда буд, заминҳои Бохтар, Суғд ва Парфиё ба шумор меравад. Шояд ҳангоми баргардонидани матни Авасто ба ҷойи ду шаҳр Ши ва Кан як шаҳр Ишката навишта шуда, Парут ҳамон Парфия аст, ки паҳлавиён онро дар садсолаҳои аввал тасхир намудаанд. Дар давоми суханҳои Зардушт номи Моуру ва Харойве оварда шудааст, ки «Моуру» ин Марв буда, Харойва шаҳри бостонии Ҳарируд, ҳозира Теҷен аст (номи руд шояд аз калимаи тоҷикон гирифта шуда бошад). Давоми маҳалли ҷуғрофӣ бо номи Гаваи Суғд номоварӣ шудааст, ки ин шаҳраки аз қадим мавҷудбудаи Ёва шомили ҳозира шаҳри Хуҷанд (Суғд) аст. Хоразм (Ӯзбекистон) дуруст бо номи худаш бозмондааст. Ҳамчунин дар давоми суханҳои худ Зардушт чунин нигоштааст: Митра аз боло ба Арэзахи ва Савахи, ба Фрададафша ва Видадафша, ба Варубарэшти ва ба чунин қисмати олам чун Хванирата, ки дурахшон асту чорвои зиёд ва ҷойҳои барои чорвопарварӣ мақбулро дорад, аз боло назар мекунад [1, с.312]. Бинобар фикри як қатор авастошиносон аз он ҷойе, ки Зардушт маркази ҷаҳон – Хванирата, ки заминҳои обод ва серодам дорад, номидааст, ҳафт каршвар, яъне иқлим тақсим мешавад: 1. Арэзахи – Шарқ; 2. Савахи – Ғарб; Z AMONAVIY TA'LIMDA FAN VA INNOVATSION TADQIQOTLAR http://zamtadqiqot.uz/index.php/ZTFITJ/index 3-son 16–to’plam 2025 y. 158 3.Фрададафша – Шимолу Шарқ; 4. Видадафша – Шимолу Ғарб; 5. Ворубарэшти – Ҷанубу Шарқ; 6. Воруджарэшти – Ҷанубу Ғарб [1, с.274]. Дар ин ҷо «Хванирата», ки маркази Замин номида шудааст, дар ду шакл меояд. Масалан, дар достони «Минуи хирад»-и паҳлавӣ чунин омадааст: дар маркази олам кишвари «Хванирах», ҷойгир буда, аз он девҳо ронда шудаанд ва дар он беҳтарин замин – Эронвеж (ин ҷо Ориёнвеҷ) ҷойгир шудааст [7, с.20]. Аз гуфтаҳои болоӣ хулоса мебарорем: маълум мешавад, ки маркази ҷаҳон, кӯҳҳои сарбафалаке мебошанд, ки аз он ба шаш сӯи олам роҳ мавҷуд буда, бо Хванирата ё Хванираҳ ҳафт кишваранд. Ситораи ҳафтоиранг низ ин мазмунро медиҳад. Ҷойвожаи Хванирата ё Хванирах, маънои ҳудудеро медиҳад, ки ободу осуда буда, аз он роҳҳо ба чанд сӯи олам мегузаранд, яъне «ховарроҳ» ё «ховарраҳ», он ҷойе, ки тулӯъ ва ғуруби Офтоб дар ду самт мебошад. Яъне шарқ ва ғарб мебошад. Ҳамчунин роҳ низ ба ду самт мебарад. Самти шарқ ва ғарб. Ба ин масъала махоизи чинӣ, ки Бичурин гирдоварӣ ва таъид намудааст, чунин тавсиф медиҳад: аз Шанпин, ба воситаи Кӯҳҳои пиёз ду роҳ сӯи кишварҳои ғарб мебарад. Роҳи ба сӯи ҷануб бо дарёи Яркян (Ёркенд, Ёрканд) баранда роҳи ҷанубӣ ном дорад. Ин роҳ баъди даргузаштани Кӯҳҳои пиёз ба кишварҳои Юэҷии Калон ва Анси мебарад [4, с.221]. Дар ин ҷо Шан (山) аз забони чинӣ, кӯҳ буда, «пин» ё «пинин» элементи фарҳанг ва забони романишуда (романизатсия) мебошад. Муаллиф зери ҷойвожаи Шанпин кӯҳҳои Помирро дар назар дорад, ки аз он сӯи ҷанубу шарқ Яркян ё Яркенд, ҳоло уезди Шачэ (ноҳияи автономии Синзян-Уйғур)-и Хитой роҳ мавҷуд буд. Сипас муаллиф шарҳ медиҳад, ки баъди гузаштани Кӯҳҳои пиёз роҳ ба кишварҳои Юэҷии Бузург – Бохтар ва Байнаннаҳрайни Осиёи Миёна (ҳудуди байни Сирдарё ва Амударё), ҳамчунин Анси (Парфия) мебарад, яъне сӯи ғарб. Кӯҳҳои Хара (дар Авасто) ва Шанпин (дар махоизи чинӣ) ҳамон як кӯҳҳои Помир аст. Z AMONAVIY TA'LIMDA FAN VA INNOVATSION TADQIQOTLAR http://zamtadqiqot.uz/index.php/ZTFITJ/index 3-son 16–to’plam 2025 y. 159 Мегузарем ба тавсифи «беҳтарин замин – Эронвеж». Пеш аз он, ки ҷойвожаи «Эронвеж» ё «Эронвеҷ»-ро таҳлил намоем, боз ҳасби ҳоли Зардуштро аз адабиёти паҳлавии авастоӣ рӯё меоварем. Ҳангоми мутолиаи ин асар, ки аз номи Зардушт оварда шудааст, дар бораи тавлид ёфтани Зардушт дар Арям Ваэжах (Арянам-Вайджо, Арянма Ваеджо, Ориёвиҷ, Эронвеҷ, Эронвеж) сухан меравад, ки як манзил бо чанд ном дар чанд забон такаллум ёфтааст. Масалан, дар сурудаҳои Ардвисура Анаҳито аз номи Зардушт омадааст, ки Ҳурмузд (Аҳура Маздо) аз Эронвеҷ аст [8, с.55]. Ин мазмун дар Авасто борҳо таъкид шуда, меҳани Зардушт дар адабиётҳои кунунӣ чун Эронвеҷ ба забон гирифта мешавад [2, с.29]. Ҷойвожаи «Эронвеҷ»-ро дақиқатар аз назар мегузаронем. Агар ба тавсифи ҳасби ҳол, мавқеъ ва мавзеи ҷуғрофии Зардушт тасвиркарда дақиқтар назар андозем, меҳани Зардушт «Арянам Ваеҷаҳ» аз ҷиҳати мазмун ва маскан «Ориёи Панҷ»-ро нишон медиҳад, ки айнан дар кӯҳистони маркази ҷаҳон – Помир, ки қуллаҳои сарбафалакаш то ба абрҳо мерасанд, ҷойгир аст. Дар сурудаҳои Авасто дар ин бора омадааст: «Спитама Зардушт ба Ардвисура аз Арянам Вайджа, назди дарёи Датия бо суханҳои нек, афкори нек ва корҳои неки пок ибодат ба ҷо меорад» [2, с.46]. Дар ин ҷо агар Арянам Вайджаро чун Ориёи Панҷ ном гирем, саҳве нест. Дарёи Датия бошад, «дутоия», буда, ҳамон Қарокӯл (Ховаркӯл)-и Бадахшон аст, ки онро Тузкӯл низ ба забон овардем, ки оби он ба ду қисмат тақсим шудааст, яъне дутоия аст. Ин мазмунро ҳамчунин гуфтаҳои олими рус Н.Я. Бичурин тасдиқ менамоянд: «Аз рӯи сарчашмаҳои чинӣ аз миёнаҷои Кӯҳҳои пиёз дарёи Помир ҷорӣ мешавад, ки аз ҷониби шимолии кӯли Тузкул ба ғарб ҷараён мегирад. Эҳтимол, кишвари мазкур аз ҳамин ҷо ном гирифтааст» [5, с.35]. Дар ҳақиқат, Туз аз забони туркӣ «намак» аст, яъне маънои кӯли намак (шӯр)-ро дорад. Ин кӯл ҳоло Қарокӯл ном дошта, онро тоҷикон Ховаркӯл ҳам меноманд. Оби кӯл дар ҳақиқат шӯр аст ва аз он сабаб, ки ранги сиёҳро низ медиҳад, усунҳое, ки дар қисмати шимолии он зиндагонӣ мекунанд, онро «қора», яъне сиёҳ Z AMONAVIY TA'LIMDA FAN VA INNOVATSION TADQIQOTLAR http://zamtadqiqot.uz/index.php/ZTFITJ/index 3-son 16–to’plam 2025 y. 160 номидаанд. Усунҳоро халқияте номидан мумкин аст, ки низ ориёӣ буда, бо забони туркӣ сухан меронанд. Аз забони тоҷикӣ «усун» маънои «он сӯ»-ро дорад, ки шояд аз халқияти маскуни заминҳои дигари ориёиҳо будани онҳо дарак медиҳад. Аз силсилакӯҳҳои Помир кӯли Панҷ мегузарад, ва эҳтимол аст, ки номи Помир низ аз ҳамин вожа пайдо шуда, дар сарчашмаҳои чинӣ ҳамчунин бо номҳои Памило, Бами ва Бохо низ маълум будааст [3, с.49]. Ин ҷо Памило – Помир, Бами шояд Боми ҷаҳон бошад, Бохо бошад, Вахан аст [3, с.49]. Эҳтимоли Н.Я.Бичурин дар бораи бароиши номи кишвари мазкур аз ҳамин ҷо, яъне аз гирду атрофи дарёи Панҷ дуруст аст. Чун айнан аз ҳамин соҳилҳои дарёи Панҷ Роҳи бузурги абрешим мегузашт ва шарқро бо ғарб мепайваст ва мардумони гуногуни ин мавзеъҳо низ маълум буд. Пас, эҳтимол меравад, Эронвиҷе, ки дар сарчашмаҳо ном оварда шудааст, айнан ҳамин маскани қадимаи халқҳои ориёӣ, яъне ориёни Панҷ аст. Аз ин лиҳоз, на Эронвиҷ, балки Ориёни Панҷ ном гирифтани он дуруст аст. Махоизи дигар ин навиштаҳои роҳиб Сюан-Сзан мебошад, ки аз Бадахшон ба мавқеи Тзабан-то (Тошкургон) сафар кардааст. Ӯ аввалин шахсе мебошад, ки дар ёддоштҳои худ дар бораи Помир маълумоти мукаммал додааст: «По-ми-ло аз байни ду қуллаҳои барфпӯше мегузарад, ки сармояш сахт ва пуршамол аст. Барф зимистону баҳор меборад. Заминаш шӯрхок буда, сангчамайдаҳояш зиёд. Дар миёнаҷои водӣ дар баландӣ кӯли Аждар (Сарикӯл, Зоркӯл) ҷойгир аст. Обаш кабуду тоза, мусаффо ва ширин аст... » [6, с.13]. Маълум аст, ки роҳиб номи дарёро ба дурустӣ оварда будааст. Яъне дарё дар қадим По-ми-ло, яъне Помир ном дошта, имрӯз силсилакӯҳҳои Помир бо ҳамин ном боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз, метавон тахмин кард, ки фарохнои сарзаминҳои оташпарастони ориёӣ маҳз аз кӯҳҳои Помир ва дарёи Панҷ (Ориёи Ванҷ) – зодгоҳи Зардушт оғоз ёфта, бо минтақаи Ҳирот, ки аз он ҷо дарёи Теҷен сарчашма мегирад ба ҳудуди Афғонистон, Туркманистон ва Эрон мегузарад,