scieee AI-readable full text Open interactive document viewer

МАҚОМИ «ҶАМҲАРАТУ-Л-АМСОЛ»-И АБӮҲИЛОЛ АЛ-АСКАРӢ ДАР ТАҲАВВУЛИ ФАРҲАНГҲОИ АМСОЛ ВА ҲИКАМИ АРАБӢ

Максудов Умед Олимович, Одилов Баходир Бахтиярович

Abstract

МАҚОМИ «ҶАМҲАРАТУ-Л-АМСОЛ»-И АБӮҲИЛОЛ АЛ-АСКАРӢ ДАР ТАҲАВВУЛИ ФАРҲАНГҲОИ АМСОЛ ВА ҲИКАМИ АРАБӢ

Full text

57 МАҚОМИ «ҶАМҲАРАТУ-Л-АМСОЛ»-И АБӮҲИЛОЛ АЛ-АСКАРӢ ДАР ТАҲАВВУЛИ ФАРҲАНГҲОИ АМСОЛ ВА ҲИКАМИ АРАБӢ THE STATUS OF JAMHARAT AL-AMTHĀL BY ABŪ HILĀL AL-ʿASKARĪ IN THE DEVELOPMENT OF ARABIC PROVERBIAL AND WISDOM LITERATURE Максудов Умед Олимович доктор филологических наук, доцент кафедры теории перевода английского языка, Университет мировых языков Узбекистана Одилов Баходир Бахтиярович заведующий кафедрой теории перевода английского языка, Университет мировых языков Узбекистана Аннотация. Статья посвящена исследованию арабских пословиц и изречений (амсаль ва хикам), их роли в культуре, истории сбора и систематизации. Автор отмечает, что арабы с древности широко использовали пословицы в научных, социальных и политических контекстах, а также как отражение народного сознания, мышления и религиозных верований. В работе подробно рассматривается процесс научного изучения и каталогизации этого фольклорного жанра, начиная с доисламской эпохи, когда пословицы передавались устно и служили завершением повествований. Особое внимание уделяется ключевым сборникам, в частности, первому крупному и систематизированному труду «Джамхарату-ль-амсаль» Абу Хилаля аль-Аскари (X в.), который заложил основы для последующих исследований. Вершиной же этой традиции признаётся труд «Маджмау-ль-амсаль» Абуль-Фазля альМайдани (XII в.), который не только собрал более 6 тысяч пословиц, но и снабдил их историческими и лингвистическими комментариями, а также включил хадисы и изречения халифов. В статье также анализируется вклад других учёных, таких как аз-Замахшари, и прослеживается полемика между ними. В заключении подчёркивается непреходящая литературная, воспитательная и историческая ценность арабских пословиц, их влияние на формирование нравственных ценностей и их изучение вплоть до современного периода. Ключевые слова: Арабские пословицы, изречения (хикам), фольклор, «Джамхарату-ль-амсаль», Абухилаль аль-Аскари, «Маджмау-ль-амсаль», Абуль-Фадль аль-Майдани, арабская литература, культура, народная мудрость, историко-лингвистический комментарий. Abstract. The article explores Arabic proverbs and wise sayings (amsāl wa ḥikam), their role in culture, and the history of their collection and systematization. The author notes that Arabs have widely used proverbs since ancient times in scientific, social, and political contexts, as well as a reflection of popular consciousness, thought, and religious beliefs. The work examines in detail the process of scholarly study and 58 cataloging of this folklore genre, starting from the pre-Islamic era when proverbs were transmitted orally and served as conclusions to narratives. Particular attention is paid to key anthologies, especially the first major and systematic work "Jamharat al-amsāl" by Abū Hilāl al-ʿAskarī (10th century), which laid the groundwork for subsequent research. The pinnacle of this tradition is recognized as the work "Majma‘ al-amsāl" by Abū al-Faḍl al-Maydānī (12th century), which not only collected over 6,000 proverbs but also provided them with historical and linguistic commentary, including hadiths and sayings of the caliphs. The article also analyzes the contributions of other scholars, such as al-Zamakhsharī, and traces the polemics between them. In conclusion, the enduring literary, educational, and historical value of Arabic proverbs is emphasized, along with their influence on the formation of moral values and their study up to the modern period. Keywords. Arabic proverbs, wise sayings (hikam), folklore, "Jamharat alamsal", Abu Hilal al-Askari, "Majma' al-amsal", Abul-Fadl al-Maydani, Arabic literature, culture, folk wisdom, historical and linguistic commentary. Мусаллам аст, ки аз қадим арабҳо зарбулмасалу мақолҳоро зиёд истифода мекарданд. Дар ағлаби мавзӯъҳои илмӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ зарбулмасалу мақолҳо бештар корбаст мегардид. Бинобар ин, амсолу ҳиками арабӣ дар мавзӯъҳои ахлоқ, тарбия, расму оин дучор шуда, инъикосгари шуур, тафаккур ва ақоиди динии мардум маҳсуб мешавад. Амсолу ҳикам миёни мардум ба ҳайси далел, бурҳон, исбот истифода мегардид. Адабиётшиносони араб дар натиxаи омeзиш ва тащқиқ ба чунин хулоса омадаанд, ки амсол ва ҳикам дорои чаҳор омил (эъҷози лафз, сиҳатии маъно, ҳусни ташбеҳ ва ниҳояти балоғат) будааст. Амсол ва ҳикам бештар дар батни қиссаву афсонаҳои халқӣ ба ҳайси хотима истифода мегардид. Зеро, арабҳо дар анҷоми қисса ва афсонаҳо амсол ва ҳикамро зикр мекарданд. Дар бештари ҳолот амсол ва ҳикам хотимабахши устура ва ривоятҳои давраи ҷоҳилӣ маҳсуб мегашт. Масалан, дар қиссаи «аз-Зубо» зарбулмасали зерин хуб истифода шудааст. « لا يديب هفنأ ريثك عمج ام رملأ و رمأ ريصقل عاطیرمأ ديب لا » (1, Ҷ.2. 431), яъне ба амри Қасир итоат намекунад ва ба амре, ки аз рӯи хоҳишаш ҳосил шудааст, на ба тақозои амр. Ё худ амсол ва ҳикамро метавон дар таълифоти Имрулқайс ба мушоҳида гирифт (1, Ҷ.2. 431): « و رمأ مويلأ ،ًادغ رّكس لا و مويلأ وحص لا رمخ ًادغ ». Тарxума: Имрӯз на ҳушёрӣ асту пагоҳ на мастӣ; имрӯз амр аст, пагоҳ хамр. Дар хусуси аввалин гӯяндаи амсол ва ҳиками араб донишмандони зиёд андешаҳои мухталиф матраҳ кардаанд. Масалан, адиби маъруфи араб Ҷоҳиз дар ин маврид чунин менависад: «аз ҳукамову булағову руасо Аксам ибни Сайфӣ, Рабиа ибни Ҳизор, Ҳарам ибни Қатиа, Омир ибни Зарб, Лабид ибни Рабиа ва миёни онҳо Аксам ибни Сайфӣ ат-Тамимӣ ва Омир ибни Зарб ал-Адвониро ба ҳақиқат наздик донистааст. Зеро, Аксам ибни Сайфӣ бештар амсол ва ҳикамро миёни арабҳо такрор мекард» (1, Ҷ.1-2. 18; 88; 105; 115; 118; 187; 280…). Барои тасдиқи афкори боло боз чанд мисоли дигар аз Аксам ибни Сайфӣ меорем: « أردإ لیولل يفخأ َليلّلا ّناف ليللا» (Шабро ба худ ҷавшан кун, зеро шаб аз нохушиҳо эмин медорад), « لأ ةلاهم لا زجعی ءرم » (Бе шубҳа мард пиру оҷиз мешавад) « نمل ةعامج لا فلتخِإ» (Ҷамъият барои касе нест, ки бо мардум хилоф меварзад). 59 Зуҳури амсол ва ҳикам ба даврони қабл аз китобат ва навиштаҳои адибони аҳди бостон тааллуқ дошта, баъдан ба сурати нақл аз даҳони халқ дар адабиёти атиқаи милали мутамаддин сабт гардидааст. Катибаҳои мутааллиқ ба сумериҳо, ки навъи хати мехӣ доштанд, ҳовии амсол ва ҳиками зиёд буда, аз сeи мутарҷимон тарxума гардидаааст. Аксари зарбулмасалу мақолҳо дар осори шуарову нависандагон истифода гашта, дар шеваи мардум роиx буд ва ба таври афсона, қисса ва ҳикоя аз даҳон ба даҳон нақл мешуд. Дар авохири асри Х дар иртибот ба осори Муфаззал аз-Забӣ ва Абӯубайд Қосим ал-Fаравӣ боз як асари пурарзиши панду ахлоқӣ бо номи «Ҷамҳарату-ламсол» таълиф гашт, ки муаллифи он адиби маъруфи асримиёнагии араб Абӯҳилол ал-Аскарӣ (ваф.1005) мебошад. Ин асар аввалин бор соли 1889 дар Бомбай нашр гардид ва дар он беҳтарин зарбулмасалҳои то замони муаллиф шомил гаштааст (21, 489; 22, 35). «Ҷамҳарату-л-амсол»-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ байни кутуби амсолу ҳикам бо махсусият ва вижагиҳои хеш дорои имтиёз мебошад. Аз назари аввал ин нахустин асарест, ки дар он амсолу ҳикам дар алоҳидагӣ шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Адиб дар «Ҷамҳарату-л-амсол» беш аз 3 ҳазор амсолро ҷамъоварӣ карда, онро дар 29 боб тартиб додааст. Аз ин миён 800 масал дар вазни «афъалу мин» омадааст, ки як қисм зарбулмасалҳо аз «Дуррату-л-фохира»-и ҳамзаи Исфаҳонӣ иқтибос шудааст. Асар аз рӯи ҳуруфи абҷад тадвин шуда, риояти ҳарфи аввали ҳар масал ба назар мерасад. Абӯҳилол ал-Аскарӣ бевосита масалномаҳои пешиниёнро истифода кардааст. Илова бар ин, Абӯҳилол ал-Аскарӣ ба тафсири ҷанбаҳои луғавӣ ва таърихии зарбулмасалҳо, гоҳ барои табйини онҳо аз зарбулмасалҳои форсӣ, оёти қуръонӣ, аҳодиси набавӣ баҳрабардорӣ кардааст (1, Ҷ. 2. ҳарфи «Итқӣ»; 4, 201-204). Нависандагоне, ки дар садаи ХI м. ба ҷамъоварии амсол ва ҳиками арабӣ пардохтаанд, ҳаргиз ба шӯҳрати мутақаддимон ноил нагаштаанд. Боиси зикр аст, ки маxмeаҳое, ки пас аз қарни Х тадвин гаштаанд, дар пайравӣ ба осоре чун «Амсолу-л-араб»-и Муфаззал аз-Забӣ, «Китобу-л-амсол»- и Абeубайд Қосим ибни Салом, «Дуррату-л-фохира»-и ҳамза ибни ҳасан Исфаҳонӣ ва хосса «Ҷамҳарату-л-амсол»-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ xамъоварӣ шудаанд. Зеро «Ҷамҳарату-л-амсол»-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ нахустин асари комил аст, ки дар таърихи гирдоварӣ ва тадвини амсол ва ҳиками арабӣ ҳамчун сарчашмаи мeътамад ва беҳтарин дониста шудааст. Номи чанде аз муаллифонеро, ки баъд аз «Ҷамҳарату-л-амсол»-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ осори хешро таълиф кардаанд, ёдовар хоҳем шуд: Зайд ибни Рафоа (вафот 1010), Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайн, Муҳаммад ибни Абулқосим Убайдулло, Абулҳасан Алӣ ибни Фазл Муайяди Толақонӣ, Абдумалик ибни Муҳаммад Саолибӣ, Убайдулло ибни Аҳмади Майконӣ (12, Ҷ.2. 347; 4, 205-206). Ҳамчунин, муаллифи ношинос китобе зери номи «Китобул-амсол» дорад, ки он дорои 375 зарбулмасали арабӣ мебошад. Ин зарбулмасалҳо бар асоси ҳарфи аввал тадвин гардида, муаллиф шарҳи мухтасар ва аз ҷиҳати луғавӣ нукоти ҷолибро меорад (4, 206-208). Алӣ ибни Муҳаммад 60 ибни Хатиб ал-Мовардӣ дар гирдоварии «Амсол ва ҳикам» ба осори Ҳамзаи Исфаҳонӣ ва Абӯҳилол ал-Аскарӣ пайравӣ кардааст (4, 15; 16). Пас аз ин давраи гирдоварӣ ва тадвини фарҳангҳои амсоли арабӣ, дар садаи ХII Аҳмад ибни Муҳаммад Абулфазли Майдонӣ рӯи саҳнаи адабӣ бо осори гаронбаҳои хеш падид омад. Ӯ кӯшидааст, то xомеи фарҳангҳои ба зарбулмасалҳо алоқамандро ба як маxмeа xамъ оварад. Ховаршиноси аврупоӣ Шайла Вебстер ба ин назар аст, ки «Маҷмау-л-амсол»-и ал-Майдонӣ аз беҳтарин осори амсолу ҳикам байни фарҳангҳои дигар дониста шудааст. Ин асар аз ҷониби муҳаққиқон Карл Броккелман ва Игнатс Голдсиер чунин тавсиф ёфтааст: «Нусхаи аслӣ ва баргардони «Маҷмау-л-амсол»-и ал-Майдонӣ то ҳол дар китобхонаҳои олам маҳфуз мебошад. Ин китоб аз ду ҷузъ иборат буда, шомили зарбулмасалҳои қадим, таърихи зисту зиндагонии араби давраи ҷоҳилӣ ва шарҳи назми адабиёти араб мебошад» (21, 144-115; 409; 22, 35). Асари вай «Маҷмау-л-амсол» комилтарин ва мӯътабартарин фарҳанги амсол дар адабиёти араб дониста шуда, соҳиби унвони шохис ва меъёре дар ин мавзӯъ шинохта шудааст (4, 209). Абулфазли Майдонӣ дар «Маҷмау-л-амсол» на танҳо зарбулмасалҳои куҳанро ҷамъоварӣ кардааст, балки як қатор зарбулмасалу мақолҳои навхостаро (шакли арабиаш «муваллид» буда, аз замони ҷамъоварии Абулфазли Майдонӣ пайдо гаштааст. Амсоли муваллид – панду ҳикмат ва амсоли тозаэҷодкардаи олимон аст) ба асари худ ворид намудааст. Дар «Маҷмау-л-амсол» зиёда аз 6 ҳазор амсол истифода шудааст. Абулфазли Майдонӣ ҳамаи сарчашмаҳои мавриди истифодаро дар муқаддимаи китоб зикр намудааст (9, 4-5). Боби 29-уми асар ба «Айёму-л-араб» бахшида шуда, муаллиф дар боби 30-юм 58 ҳадис ва зарбулмасалҳои ҳакимонаро аз забони Паёмбари ислом (с) ва хулафои рошиддин иқтибос овардааст (4, 216-218). «Маҷмау-л-амсол» дар соли 1170 аз ҷониби шогирди Майдонӣ Абӯяъқуб ибни Тоҳири Хуввия мухтасар карда шуда, номи «Фароиду-л-хароид фи-л-амсол ва-л-ҳикам»-ро гирифтааст (4, 209). Бояд тазаккур дод, ки номи шоир бо ин асараш чунон ба якдигар пайваст, ки бархе бо ибораҳои зерин нисбат додаанд: «Соҳибу-л-амсол» (15, 254), «Соҳибу-л-китоби-л-амсол» (9, 51). Мувофиқи манобеъ гӯё Замахшарӣ ва Майдонӣ байни худ муносибати сарде доштанд. Ҳангоме ки Ҷоруллоҳ Замахшарӣ китоби «Маҷмау-л-амсол»-и Майдониро мутолиа намуд, ба ӯ равшан гардид, ки аз китобаш «ал-Мустақсо фӣ амлоли-л-араб» дар заминаи сохт ва мӯҳтаво беҳтару арзишмандтар будааст. Пас, чизе дар заминаи саҳву иштибоҳ дарёфта натавонист ва бо мақсади сарзаниш номи Майдониро тағйир дод. Ба аввали номи ал-Майдонӣ ҳарфи «нун»-ро пайваст намуд, дар натиҷа «ан-Намедонӣ» ҳосил гардид. Яъне, Замахшарӣ Майдониро бо мақсади маломат ба шахси нодону ҷоҳил баробар гузоштааст. Дар ҷавоб Майдонӣ гуфтаҳои Замахшариро инкор карда, ба тағйири номи Замахшарӣ пардохтааст. Ӯ ҳарфи «мим»-ро ҳазф карда, ба ҷои он «нун»-ро ҳамроҳ карда, «аз-Занахшарӣ» ҳосил намудааст, ки маънои «Фурӯшандаи зани хеш»-ро ифода намудааст (3, Ҷ.2. 108; 19, Ҷ.5. 393). Котимир ном олиме дар навиштаи Майдонӣ иштибоҳе дарёфта, чунин изҳори андеша намудааст: 61 «Уламое, ки ба ин тавр сухан мегӯянд, форснажод буда, ба забони арабӣ балад нестанд, зеро калимаи «зан» (имраатун) ва «шарӣ» (боин) ба ҳам саҳван омехта шудааст» (19, X.5. 181). Ҷои дигар Ҳоҷӣ Халифа ишора бар он мекунад, ки Замахшарӣ пас аз мутолиаи «Маҷмау-л-амсол»-и Абулфазли Майдонӣ ба тааҷҷуб омада, аз таълифи китоби хеш сахт дилгир шудааст (19, Ҷ.5. 393). Пас, ба мо тааҷҷуби Замахшарӣ равшан мегардад, ки чаро ӯ Майдониро сарзаниш кардааст? Ё худ, китоби Майдониро «Ҳодӣ ли-ш-шодӣ» ном гузоштааст, ки маънои «Ҳадякунандаи шодӣ» дорад, ки бо мақсади ҳаҷву масхараи Майдонӣ гуфта шудааст. Майдонӣ дар посух чунин навиштааст: « لا ِهذه َو َكرذع لبقن َتعجر اذِإ خیاشملاب قيلت » (19, X.5. 393-94) - Агар аз райъат баргардӣ, узратро қабул мекунем ва ин навъ суханон барои шайхон лоиқ нест. Абулфазли Майдонӣ дар муқаддимаи «Маҷмау-л-амсол» қайд мекунад, ки ҳини ҷамъоварии амсол ва ҳиками арабӣ ӯ бештар аз 50 кутуби пешин баҳрабардорӣ кардааст (9, 4). Номи чанде аз ин кутубро ёдовар мешавем: «Китобу-л-амсол»-и Абӯамр ибни Ало (вафот 762), «Китобу-л-амсол»-и Муфаззал ибни Яъло аз-Забӣ (вафот 787), «Китобу-л-амсол»-и Абӯфайд Муъриҷ ас-Сидусӣ (вафот 811), «Китобу-л-амсол»-и Абӯубайд Муаммар ибни Мусанно (вафот 826), «Китобу-л-амсол»-и Абӯзайд ал-Ансорӣ (вафот 831), «Китобу-ламсол»-и Абдумалик ибни Қариб ал-Асмаӣ (вафот 831), «Китобу-л-амсол»-и Абӯубайд Қосим ибни Салом (вафот 839), «Китобу-л-амсол»-и Муфаззал ибни Салама аз-Забӣ (вафот 903), «Дуррату-л-фохира»-и Ҳамза ибни Ҳасани Исфаҳонӣ (вафот 962) ва ғайра. Адиб ишора мекунад, ки ҳангоми овардан ва шарҳ додани амсол ба Абӯубайд ибни Шаррия, Ато ибни Мусҷаб ва Шарқӣ ибни Қатомӣ пайравӣ кардааст. Илова бар ин, аз рӯи иттилои Зилҳойм Рудолф ӯ аз зикри номи чандин уламову удабои давраи пешин ба мисли Абӯсулҳайм ва якчанд забоншиносони ҳамасри хеш худдорӣ кардааст (4, 148). Инчунин, шарқшиноси олмонӣ Зилҳойм Рудолф мулоҳиза кардааст, ки Майдонӣ «Ҷамҳарату-л-амсол»-и Абӯҳилол алАскарӣ ва «Фаслу-л-мақол фӣ шарҳи китоби-л-амсол»-и Абӯубайд Бакриро ба ҳайси сарчашма дар муқаддимаи асараш зикр накардааст (4, 148). Зеро, мувофиқи омeзиш ва таҳқиқи «Ҷамҳарату-л-амсол»-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ ва «Маxмау-л-амсол»-и Абулфазли Майдонӣ маълум гашт, ки дар ин осор шабоҳат, принсипҳои тадвини китоб ва маълумот мувофиқ меояд. Карл Броккелман таъкид мекунад, ки шояд ал-Майдонӣ аз китоби Абӯҳилол ал-Аскарӣ пурра рeбардор карда бошад, зеро иттилооти дохили ин ду асар ба ҳам монанд аст (21, 408-410). Абулқосим Маҳмуд ибни Умар аз-Замахшарӣ (1075-1144) маҷмӯаи зарбулмасалҳоро дар «ал-Мустақсо мин амсоли-л-араб» ба тартиби алифбо бо дарназардошти 3 ҳарфи аслӣ гирдоварӣ кард. Дар баъзе ҳолатҳо шарҳи луғавӣ ва наҳвии Замахшарӣ нисбат ба шарҳи Абулфазли Майдонӣ муфассалтару судмандтар аст. Замахшарӣ дар вақти тадвини китоби хеш, осори як қатор шоирон ва донишмандони давраи xоҳилӣ аз қабили «Китобу-л-муuрақ фи-лuурия ва-л-хаёли ила xониби-л-фитна ва-д-дуҳо», «ал-Мавъизату-л-ҳасан», «Калила ва Димна» (Абдуллоҳ ибни Муқаффо) ва аз ашъори Мутанаббӣ ва 62 «Ҷамҳарату-л-амсол» истифода кардааст. Бавижа, Замахшарӣ баҳри таснифи амсолу ҳикам аз ашъори Мутанаббӣ бархурдор шудааст. Масалан, порчаи зеринро аз Мутанаббӣ намуна меорад: ةدلب ّلك يف تنأ ام :يل نولوقی ام و ينمسُی نأ ّلج يغتبأ ؟يغتبت ام اهتاقلح تمكحتسا املف تقاض هنظأ تنكو تجرف جرفُت لا ا Ва он чи, ки ба ман мегуфтанд: ту дар ҳар диёр кистӣ? Чӣ мехоҳӣ? Мехостам, ки маро бузург хонанд Вақте ҳалқаи роҳаш баста шуд, аҳволаш бад гашт Пас он ҳалқа кушода шуд ҳарчанд ман гумон мекардам, ки он кушода нахоҳад шуд. Адибони асримиёнагии араб дар ашъори хеш амсол ва ҳиками халқии арабро истифода намуда, пайваста ба силки назм кашидаанд. а) арзиши таърихӣ. Зарбулмасалу мақолҳо дорои қобилияти ифода намудан ва нигаҳдории ҳодисаву воқеаҳои таърихианд: مأ اًدغو رمخ مويلار (1, Ҷ.2. 431). Имрӯз мастӣ асту пагоҳ ҳушёрӣ. Яъне, ин ҷо фосилаи вақт ифода гашта, он баёнгари ҳодисаест, ки дар таърих сабт хоҳад шуд, яъне ҳодисаи кушта шудани падари Имрулқайс ба назар гирифта шудааст. Барои баёни зарбулмасали боло зарбулмасали маъмули тоҷикӣ «Поёни шаби сияҳ сафед аст»-ро орем, пас мувофиқи мақсад хоҳад шуд. Ё ба таври зерин: Аз паи ҳар шом субҳе аст. Аз паи ҳар шабе бувад рӯзе. Аз паси зулмат басе хуршедҳост. Баъди навмедӣ басе уммедҳост. Ҳар ғамеро шодӣ дар пеш аст. Оқибати торикӣ рӯшноист. б) арзиши иҷтимоӣ. .رسنتسی انضرأب ثاغبلا ّنإ (1, Ҷ.1. 197). Мақоли болоиро шарқшиноси рус Илнур Сарбулатов чунин тарҷума кардааст: «Даже мелкие пташки в нашем краю становятся орлами!» (13, 7). Ин ҷо вожаи «ал-буғос» ифодагари маънои навъе аз парранда буда, танаш аз лошахӯр хурдтар аст. Ҳикмати зарбулмасали зерин чунин аст: агар шахси заиф ва дармондаро рӯҳбаланду дастгирӣ намоӣ ӯ тавонову соҳиби эҳтиром мегардад. Барои тақвияти андешаи хеш байтеро меорем: .اًمولظم وأ اًملاظ كاخأ رصنُا .ريفنلا يف لاو ريعلا يف لا Дӯсти хешро ёрӣ деҳ, ки ӯ золим аст ё мазлум, На аз ҳайвон аст, на аз башар. Илова бар ин, зарбулмасали боло дар қомуси арабӣ ба русии ба таври зайл тарҷума шудааст: Ни богу свечка ни черту кочерга. 63 На дузди бозор, на шайхи мазор. в) аммо баъзе амсолу ҳикам ифодагари афкори ҳассосу огоҳкунандаи ояндаи наздикро тақозо мекунанд: . ًارايخ ّرّشلا نم ّنِإ(1, Ҷ.1. 67) Бешак аз як бадӣ хубиҳое сар мезананд. Чунонки Ҷалолуддини Румӣ фармудааст: Аз паи ҳар гиря охир ханда аст. Имоди Кирмонӣ бошад чунин баён намудааст: Тарки бадӣ некниҳодӣ бувад, В-охири ғам аввали шодӣ бувад. Аммо дар зарбулмасали зер баръакс нобаробариву нокомиҳо ифода шудаанд: .ةوقش نسحلا يف نإ Ҳусн бадбахтиҳо дорад. Вариантҳои тоҷикӣ: Аз паи ҳар нӯше нeше. Аз паи ҳар шодӣ бувад ғам. Аз паи ҳар сур мотаме. Охири ханда гиря аст ва амсоли ин. Ё Абулҳасани Фаррухӣ чунин менигорад: Ҳамеша то ба гетӣ шодие аз пай бувад ғамро, Чунон чун к-аз паи ҳар сур дорад даҳр мотамро. ِهِب ِيبَظ ءاَد (1, Ҷ.1. 213). Ӯ дарди оҳу дорад (яъне, дарди бе даво). Яъне, Абӯҳилол шарҳ медиҳад, ки оҳу дар асл бемор нест, зеро ӯ солим аст ва танҳо пеш аз марги хеш бемор мешавад. Инчунин қайд мекунанд, ки агар оҳу бемор гардад, ӯ ба фаҳми дарди узвҳояш намеравад, яъне дар асл бемориаш номаълум аст. Ҳикмати мақоли зикршуда, ин аст, ки шахс набояд худро ба беморӣ вонамуд созад. Аммо зарбулмасалҳои давраи исломӣ то андозае инъикосгари дини мубини ислом буда, дар наъту ҳамди Худо ва тавсифи арзишҳои милливу мазҳабӣ эҷод шудаанд. .ىوقتلا نیدلا سأر Асоси дин тақво аст. اَجَن الله َقَدَص ْنَم Касе, ки ба Худои худ содиқ аст, наҷот меёбад. Дар фарҳангҳои минбаъда муаллифон ҷуз такрор ва иқтибос дигар навоварӣ ё маълумоти тозаеро зикр накардаанд. Афзун бар ин, дар фарҳангҳои амсол ва ҳиками то оғози асри аввали аббосӣ ба мисли «Амсоли муваллида» ва сарчашмаҳои дигари қарни X аз сӯи донишмандон ва адибони минбаъда ба таҳқиқ кашида шудаанд. Муҳимтарин гирдоварандагони масалҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ инҳоянд: Ҳасан ибни Фазл (вафот 895) - муаллифи «ал-Амсолу-л-комила фи-лҚуръони» (5, 75), Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Мавдуд ал-Ҳарронӣ (вафот 931) 64 - муаллифи «ал-Амсолу-с-соира ан Расулиллоҳ» (14, 348), Муҳаммад ибни Алӣ ат-Тирмизӣ (вафот 933) - муаллифи «ал-Амсолу мина-л-китоби ва-с-суннати», Ибни Дурайд (вафот 934) - муаллифи «Амсолу Алӣ ибни Абитолиб» ва асари дигар бо номи «ал-Амсолу-н-набавия», Иброҳим ибни Муҳаммад Нафтавия (вафот 935) - муаллифи «Амсолу-л-Қуръон», Ҳусайн ибни Абдурраҳмон Халлоди Ромаҳзарӣ (вафот 971) - муаллифи «Амсолу-л-ҳадис», Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Ансорӣ Исфаҳонӣ (вафот 980) - муаллифи «ал-Амсол», Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ҷунайди Искофӣ (вафот 993) муаллифи «Амсолу-л-Қуръон», Шариф Ризо (вафот 1016) - муаллифи «ал-Муҷозоту-н-набавия», Ибни Ҳусайн Сулма (вафот 1016) - муаллифи «Амсолу-л-Қуръон» (17, 168), Абдумалик ибни Муҳаммад Саолибӣ (вафот 1038) - муаллифи «Китобу-л-амсол биоётин мина-лҚуръони ва ахборин ани-н-набиййи ва-л-каломи-л-араби ва удабои-л-аҷами» (14, 441), Алӣ ибни Муҳаммад ибни Хатиб ал-Мовардӣ (вафот 1063) - муаллифи «алАмсолу-л-комина фи-л-Қуръони» ва «Шиҳобу-л-ахбори» (4, 38), Рашидуддин Ватвот (вафот 1178) - муаллифи «Матлубу кулли толибин мин каломи Алӣ ибни Абитолиб». Он шомили 100 зарбулмасали Имом Алӣ буда, ҳамроҳ бо тарҷумаи форсӣ ва олмонӣ дар Лейбтсик соли 1837 ба чоп расид. Сулаймон ибни Банин ибни Халафи Дақиқии Мисрӣ (вафот 1217) - муаллифи «ал-Ақволу-л-арабия фил-амсоли-н-набавия» (15, Ҷ.1. 184-185), Муҳаммад ибни Алӣ Хаймӣ (вафот 1245) - муаллифи «Амсолу-л-Қуръон» (15, Ҷ.1. 184-185), Абдуллоҳ ибни Муҳаммад маъруф ба Ибни Ғоним (вафот 1344) - муаллифи «ал-Фоиқу фи-л-лафзи-рроиқи» шомили 10 ҳазор зарбулмасал ва амсоли ин. Машҳуртарин гирдоварандагони маҷмӯаҳои амсоле, ки аз осори шоирон, ҳакимон ва машоҳири араб баҳра бурдаанд, инҳоянд: Адӣ ибни Муҳаммади Мадоинӣ (вафот 831) - муаллифи «Китобу-л-мутамассилин» (10, 116), Абдулло ибни Халиди Абӯумайсил (вафот 855) - муаллифи «ал-Абёту-с-соира» (8, Ҷ.4. 150), Аҳмад ибни Яҳёи Саълаб (вафот 903) - муаллифи «Китобу-л-амсол» (6, 81), Айина ибни Минҳол - муаллифи «ал-Амсолу-с-соира», Абӯбакр Муҳаммад ибни Қосим ибни Башшор Анборӣ (вафот 940) - муаллифи «аз-Зоҳир фӣ маонӣ калимоти-н-носи», ки шомили 834 масал аст. Ҳамзаи Исфаҳонӣ (вафот 962) - муаллифи «ал-Амсолу-с-содира ан буюти-ш-шеъри» (7, 186). Ин асар дорои 700 байти ашъори мухталиф ва ба тартиби алифбо буда, дар 7 боб аст (15, 359-360). Ҳамзаи Исфаҳонӣ асари дигаре бо унвони «Китобу-т-тамсил фӣ табошири-ссурур» (16, 154) дорад. Соҳиб ибни Аббод (вафот 995) «ал-Амсолу-с-соира мин шеъри-л-Мутанаббӣ»-ро таълиф намудааст, ки бо тарҷума ва шарҳу тавзеҳ соли 1939 дар Теҳрон бо кӯшиши Фирӯз Ҳарирчӣ мунташир шудааст. Ҳасан ибни Ҳусайн Сакрӣ муаллифи «ал-Абёту-с-соира» (15, 86), Абдумалик ибни Муҳаммади Саолибӣ (вафот 1038) муаллифи «ат-Тамсилу ва-л-муҳозара» буда, асари мазкурро ба Қобус ибни Шамгир тақдим намудааст. Муҳаммад ибни Абӯбакри Розӣ (вафот 1268) муаллифи «ал-Амсол ва-л-ҳикам» аст, ки аз 606 байт, 293 мисраъ ва 18 фасл иборат аст. Муаллиф зарбулмасалҳоро аз ҷиҳати тарбия ва ахлоқ тасниф кардааст. Илова бар ин, ӯ бештар аз кутуби Роғиби Исфаҳонӣ ва Соҳиб ибни Аббод баҳрабардорӣ кардааст (18, 16-17). Фирӯз Ҳарирчӣ китоби Розиро ба забони форсӣ тарҷума ва шарҳ намуда, якчанд 65 маротиба дар Теҳрон чоп намудааст; Маҷдуддин Муҳаммад ибни Алӣ Арбилӣ (вафот 1279) «Фокиҳа», Ибни Арабшоҳ -муаллифи «Мухтасару амсоли-шшарифа-р-ризоу-л-хулафои ва муфокиҳату-з-зурафои» мебошад. Ин китоб ба шеваи «Калила ва Димна» тадвин шуда, маротиби зиёд ба чоп расидааст. «Амсолу Луқмони Ҳаким» бошад, тавассути Роҳиби Насронӣ навишта шуда, ба лотини, фаронсавӣ ва форсӣ тарҷума шудааст (11, Ҷ.2. 347; 14, Ҷ.2. 1592-1593). Дар пойн рeйхати фарҳангҳои бахшида ба амсол ва ҳиками арабӣ оварда мешавад, ки муаллифон «Ҷамҳарату-л-амсол»-ро ҳамчун сарчашмаи дараҷаи аввал истифода бурдаанд: 1. «Китобу-л-амсол»-и Абӯнидо Ғиндуҷонӣ Муҳаммад ибни Аҳмад (вафот 1039). Зикраш дар «Маҷмау-л-амсол»-и Майдонӣ гузаштааст. 2. «Китобу-л-амсол»-и ал-Истахрӣ (вафот номаълум). Дар «Маҷмау-л-амсол»-и Майдонӣ (9, 331) зикр шуда, мувофиқи таъкиди уламои араб дар адабиёти араб 3 олим бо номи ал-Истахрӣ машҳур ҳастанд: • Ҳасан ибни Аҳмад ал-Истахрӣ (вафот 940); • Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Истахрӣ (вафот 957); • Алӣ ибни Саид ал-Истахрӣ (вафот 1014) мувофиқи иттилои Ибни Надим ба ҳақиқат рост меояд (9, 137). 3. «Китобу-л-амсол»-и Саолибӣ (вафот 1038). 4. «Китобу-л-амсол»-и ал-Миколӣ (вафот 1045). Тавассути доктор Закӣ Муборак соли 1926 дар Қоҳира мунташир гардидааст. 5. «ал-Васиту фи-л-амсоли»-и ал-Воҳидӣ (вафот 1076). Афиф Муҳаммад Абдурраҳмон соли 1975 дар Кувайт таҳқиқ кардааст. 6. «Фаслу-л-мақоли фӣ шарҳи китоби-л-амсоли»-и Бакрӣ (вафот 1090). Ин шарҳ барои «Китобу-л-амсол»-и Абӯубайд буда, аз сӯи муҳаққиқон Эҳсон Аббос ва Абдулмаҷид Обидайн соли 1971 дар Байрут ба чоп расидааст. 7. «Маҷмау-л-амсол»-и Абулфазли Майдонӣ (вафот 1125). Муҳиддин Абдулҳамид таҳқиқ карда, санаи 1959 дар Қоҳира мунташир кардааст. 8. «ал-Мустақсо фӣ амсоли-л-араб»-и аз-Замахшарӣ (вафот 1144). Дар Ҳайдаробод санаи 1962 нашр шудааст. 9. «Фароиду-л-хароид фи-л-амсоли»-и Юсуф ибни Тоҳир ал-Хавия (вафот 1155). Мувофиқи ҳуруфи ҳиҷоӣ тадвин шуда, дар китобхонаи «Матҳафил-ироқӣ» таҳти рақами №564 ва дар Кубрилӣ №1346 нигоҳдорӣ мешавад. 10. «Ғурару-л-ақвол ва дурару-л-амсол»-и Рашидаддуни Ватвот (вафот 1178). Зикраш дар «Ҳидояту-л-орифин»-и Бағдодӣ гузаштааст, илова бар ин, дар китобхонаи Истанбул нусхае маҳфуз аст. 11. «Фароиду-л-фавоид»-и Абулбаракоти Анборӣ (вафот 1182). Дар китобхонаи «Аҳмад Солис»-и Истанбул таҳти рақами №2729 нигаҳдорӣ мешавад. 12. «Китобу-л-амсол»-и Ибни Ҷавзӣ (вафот 1201). Онро Ҳанбалӣ дар «Табақоту-л-ҳанобала» зикр кардааст (4, 148-149). 13. «Маҷмау-л-ақвол фӣ маони-л-амсол»-и Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ибни Абулбақо Акбарӣ (вафот 1267). Дар китобхонаи «Авқоф»- и Бағдод таҳти рақами №173 маҳфуз аст.